Ба кишварҳои ОМ тарзҳои ҳалли мушкилоти обу энергетикаро пешниҳод мекунанд

Роҳбари нави Маркази дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петко Драганов ба Радиои СММ хабар додааст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обиву энергетикӣ дар минтақа, марказ як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалиро пешниҳод кардаст. Ӯ қайд кардааст, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти марказро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намудааст. Драганов ҳамчунин зикр кардааст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Роҳбари нави Маркази дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петко Драганов ба Радиои СММ хабар додааст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обиву энергетикӣ дар минтақа, марказ як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалиро пешниҳод кардаст.

Ӯ қайд кардааст, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти марказро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намудааст.

Драганов ҳамчунин зикр кардааст, ки ба ҷуз хавфи ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, дар минтақа ҳаллу фасли дигар мушкилоти умумӣ, аз қабили масоили бахши энергетика ва истифодаи муштаракаи захираҳои обӣ низ зарур аст.

«Об кофист, вале усулҳои ҳамкорӣ дар ин самтро роҳандозӣ кардан зарур аст ва Маркази СММ дар Ашқобод як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ барои танзими ихтилофҳо ва назарҳои гуногун дар ин масъаларо пешниҳод мекунад. Мо ҳамчунин тартиби ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилоти пайдомешударо низ пешниҳод кардем», – иброз доштааст вай.

Ғайр аз ин, Драганов хотиррасон кардааст, ки ихтилофҳои асосӣ дар ин самт миёни кишварҳои поёноби Амӯдарё ва Сирдарё ва Конвенсияи СММ оид ба захираҳои обии фаромарзиро баимзорасонида ва кишварҳои болооби ин дарёҳо вуҷуд доранд. «Баъзе давлатҳо барои пайвастан ба Конвенсияи танзимкунандаи истифодаи муштараки об шитоб надоранд», – таъкид доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.