Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 58,6% кам шуд

– Давоми ду семоҳаи аввали соли равон тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 696 млн. доллари ИМА маблағ ворид шудааст, – хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Аз ҷумла, семоҳаи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон – 363 млн. ва семоҳаи дуюм – боз 334 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



– Давоми ду семоҳаи аввали соли равон тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 696 млн. доллари ИМА маблағ ворид шудааст, –


хабар медиҳад


Бонки марказии Русия.

Аз ҷумла, семоҳаи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон – 363 млн. ва семоҳаи дуюм – боз 334 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 668 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 664 млн. $ дар семоҳаи аввал ва 1 млрд. 24 млн. доллари ИМА дар семоҳаи дуюм маблағ ворид гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 58,6% кам шудааст.

Қаблан раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба журналистон

дар мавриди ин масъала хабар дода буд

, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32% камтар аст.

Нурмаҳмадзода хотиррасон намуда буд, ки аксари ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ 40-45% коҳиш ёфтани  ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд, «аммо мо бо ин пешгӯиҳо розӣ буда наметавонем».

Мувофиқи пешгӯии БМТ, таъкид дошт Нурмаҳмадзода, сатҳи коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 на бештар аз 27%-ро ташкил дода, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тадриҷан барқарор мешавад.

«Яке аз сабабҳои камшавии интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА поинравии қурби рубли русӣ аст ва воситаҳои пулӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия бо рубл фиристода мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Боз яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳуриро раиси Бонки миллӣ ба шадидтар шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия дар соли равон нисбат дода буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.