Роҳбари гурӯҳи «Алфа»-и КДАМ дар Ромит кушта шуд

Дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона бо ҷангиёни генерали ошӯбгар, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода, ки рӯзи 15 сентябр дар дараи Ромит ба вуқӯъ пайваст, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон полковник Рустам Амакиев ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дода, таъкид дошт, […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона бо ҷангиёни генерали ошӯбгар, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода, ки рӯзи 15 сентябр дар дараи Ромит ба вуқӯъ пайваст, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон полковник Рустам Амакиев ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дода, таъкид дошт, ки имрӯз ҷасади Рустам Амакиев дар зодгоҳаш – ноҳияи Восеъ ба хок супурда мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни тирпарронӣ аз ҳарду ҷониб ҳамчунин ду ҷангии Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) низ ҷароҳатҳои вазнин гирифтаанд.

Аз талафот дар сафҳои ҷонибдорони генерали ошӯбгар манбаъ маълумот надода, танҳо қайд кард, ки «миёни ҷангиёни генерал низ талафот мавҷуд аст».

Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз оғози амалиёти махсус оид ба безаргардонии гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода, ки 4 сентябр шурӯъ шуда буд, 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти раҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамла сурат гирифта, сипас аъзои ин гурӯҳ ба дараи Ромит паноҳ бурданд. Амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи Назарзода идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова