Сохтмони корхонаи навбатии бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон

Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, дар ноҳияи Ёвони корхонаи сементбарорӣ бо […]

ASIA-Plus



Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, дар ноҳияи Ёвони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол сохта мешавад.

Ғайр аз ин, бунёди корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент бо иқтидори истеҳсолии 80 млн. дона дар як сол низ дар назар аст ва барои бунёди ин корхонаҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 нафар мутахассисон ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудаанд, ки сохтмони корхонаҳои болозикр дар 1,5-2 соли оянда ба фаъолият оғоз менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи ин ҳуҷҷат, сармоягузор уҳдадор мебошад, ки ҷиҳати сохтмони объектҳои лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхонаҳо 90% мутахассисони маҳаллиро ҷалб карда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равона кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару давраҳои омузишию таълимӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам берун аз он чораҷӯӣ намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова