Ифтитоҳи намоишгоҳи молҳои содиротии Чин дар пойтахт

Имрӯз, 17 сентябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи молҳои содиротии «Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин» ба кор шурӯъ мекунад, ки то 19 сентябр идома меёбад. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), Раёсат оид ба умури рушди савдои хориҷии назди Вазорати тиҷорати Чин, Департаменти тиҷорати Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин, маъмурияти Ҳавзаи Қошғари […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз, 17 сентябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи молҳои содиротии «Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин» ба кор шурӯъ мекунад, ки то 19 сентябр идома меёбад.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), Раёсат оид ба умури рушди савдои хориҷии назди Вазорати тиҷорати Чин, Департаменти тиҷорати Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин, маъмурияти Ҳавзаи Қошғари Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин ва маъмурияти шаҳри Урумчӣ созмон дода шудааст.

Қабл аз ифтитоҳи намоишгоҳ вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори департаменти тиҷорати Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Ся Гантай ва ноиби губернатори ноҳияи Аксуйи ин минтақа Муталиб Розӣ доир гардида, дар ҷараёни суҳбат масоили рӯзмарраи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин минтақаи Чин бо Тоҷикистон ва дурнамои афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни ҷонибҳо тавассути баргузории ярмаркаву намоишгоҳҳо баррасӣ шуданд.

«Маҳз намоишгоҳҳо воситаи пурсамари тақвият ва суръатбахшӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг миёни кишварҳо буда, ин як платформаест, ки дар он доираҳои тиҷоратии Чину Тоҷикистон шарикони имконпазир оид ба тиҷоратро дарёфт намуда, гуфтушунид мекунанд ва ёддошту қарордоҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд», – иброз доштааст зимни суҳбат Шариф Саид.

Раиси ПСС Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба ҳузури Чин дар иқтисоди ҷумҳурӣ манфиатдор аст. «Намоишгоҳи мазкур бешубҳа ба рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни Тоҷикиситону Чин мусоидат хоҳад кард», – илова намудааст Шариф Саид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат