Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000

Рӯзҳои 8-9 октябр дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 доир мегардад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, анҷуман бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, Вазорат тасмим гирифтааст, ки ин чорабиниро […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 8-9 октябр дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 доир мегардад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, анҷуман бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, Вазорат тасмим гирифтааст, ки ин чорабиниро дар доираи нахустин солгарди “Рӯзи Соҳибкор” таҳти сарпарастии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор намояд.

«Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии 

ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ


, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад», – омадааст дар хабари Вазорат дар ин робита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон дар доираи анҷумани мазкур гузаронидани намоиши дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар қалъаи Ҳисор пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба ин, Вазорат ҳамаи ташкилоту, муассисаҳо, ширкату ассотсиатсияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Форум даъват менамояд», – қайд мешавад дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат