«Милитсионери дурӯғин» ба маҳкама кашида шуд

Рӯзи 16 сентябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда санаи 31 август дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16 сентябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда санаи 31 август дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва зӯроварӣ 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ВКД Тоҷикистон таъкид месозад, ки баъзе ашхоси нопоку бадандеш бо рафтори қабеҳ, барои бароварда намудани ғаразҳои шахсиашон худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, даст ба тамаъҷӯӣ ва бадном намудани кормандони милитсия мезананд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.