Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ комиссияи тадорукотии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро роҳбарӣ мекунад. Сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров муовини ӯ таъин шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, иҷрои масъалаҳои ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини муоинаи хушсифати тиббии даъватшавандагон, мусоидат ба кори фаъолонаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бахши тарбияи ватандӯстии насли наврас ба дӯши ин комиссия вогузор шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро
ба имзо расонид.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд. Ба корҳои ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар маҳалҳо бевосита раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо масъул мебошанд.
Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.


