Раиси Кумита оид ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ, оила ва тандурустии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз, 23 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба тандурустии назди Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иштирок мекунад.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи иҷлосия оид ба масъалаҳои солимии занон дар партави стратегияи глобалии ҳифзи солимии аҳолӣ мутахассисон масъалаҳои вазъи экология, солимии репродуктивии занон ва рушди демографиро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Қиёмиддин Миралиён низ рӯзҳои 23-25 сентябр дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзад.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин иҷлосия ҷаласаи шашуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, вохӯрии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бо намояндагони доираҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва кории шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад.


