Аксияи зидди коррупсияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Date:



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар минтақаи шимоли кишвар таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия кори ҳар як кас» аксия баргузор мекунад.

Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсинонӣ сурат гирифта аз 1 то 10 октябр дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинии мазкур намояндагон ва фаъолони ҳизб, аз ҷумла аъзои бахши ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва конфронсу муколамаҳо доир ба мавзӯи муқовимат ба коррупсияро созмон медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки чунин аксия бори нахуст дар минтақаи шимоли кишвар доир гардида, дар чорабиниҳои он ҳазорон нафар аз ҷумла ҷавонон, занон, кормандони бахши маориф ва тандурустии вилоят ширкат хоҳанд варзид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related