Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ахири ҳафтаи гузашта бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари собиқи шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби нав дидору гуфтушунид карда, намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби дар ин робита изҳор доштааст, ки минбаъд баррасии масоили таваҷҷуҳи умумии ИМА ва ин кишварҳо дар чунин шакл дар назар аст.
Бино ба иттилои
РИА Новости
, дар шаҳри Ню-Йорк Керри бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот карда, «ба оғози шакли нави муколамаи минтақавӣ миёни котиби давлатӣ ва ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ асос гузошт».
«Котиби давлатӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ масъалахои тарзи кори муштарак дар мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва рушди иқтисодиро баррасӣ карданд», – иброз доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА.
Ҷон Керри ба ҳамтоҳои худ итминон додааст, ки сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ «ба амнияти миллии ИМА робитаи зич дорад».
Хабаргузории
ТАСС
дар ин робита менависад, дар доираи мулоқоти ин гурӯҳ вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки беҳбуди робитаҳо миёни иқтисодҳои ин минтақа ва кишварҳои боқимондаи Осиё ва Аврупо ба пешравӣ ва рушди осоишта мусоидат мекунад.
«Котиби давлатӣ ва вазирон бобати баррасии имкони баргузории мубоҳисаҳои минбаъда дар шакли С5+1 дар ояндаи наздик ба сифати илова ба робитаҳои дуҷонибаи мавҷуда ба мувофиқа расиданд», – афзудааст Кирби.


