ВКД адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ муттаҳам мекунад

Date:



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам мекунад.

Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, шаҳрванд Ёров Бузургмеҳр Равшанович, санаи таваллудаш 09 июли соли 1971, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Миршакар, хонаи №66, дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои ҶТ кору фаъолият намуда, бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст.

«Чунончи, тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини ш. Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, бо суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин, ваъда додааст, ки бинобар доштани шиносҳои зиёд дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, метавонад писари охиринро, яъне Бозоров Дилшод Қомилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намояд. Сипас, аз дасти Бозоров К. маблағи баробар ба 4000 (чор ҳазор) доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати худ сарф намуда, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст», – омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, адвокат Бузургмеҳр Ёров инчунин талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта истифода намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бинобар ин, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ёров Б.Р парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ВКД Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки аз касе агар бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ  Ёров Б.Р. бо чунин роҳ маблағ ситонида бошад ё зарар расонида бошад, метавонанд ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Қаблан адвокат ба «Азия-Плюс»

изҳор намуда буд

, ки ӯ Кумитаи пешгирӣ аз боздошт ва ҳабси ғайриқонунии амволи фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ-ро таъсис додааст. Кумитаи мазкур бо дархости хаттии хешону наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, онҳоро бо адвокатҳо таъмин мекунад.

Нимаи дуюми рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 28 сентябр адвокат Бузургмеҳр Ёров ҷиҳати бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон даъват шуда, дигар аз он ҷо раҳо нашудааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан адвокат Бузургмеҳр Ёров аз манфиатҳои рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар қазияи баҳси ӯ бо раиси Шӯрои уламо оид ба баргузории маросими динии «Ошӯро» ва ҳамчунин раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди даъвои раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз болои гуфтаҳои ӯ бобати буридани дарахтон дар қаламрави шаҳр ҳимоят карда буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...