Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон омода аст

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда нерӯгоҳи Сангтӯда-1 шиносномаи омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистони соли ҷориро ба даст овард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», зимни санҷиши маҷмӯавӣ комиссия таҳти раҳбарии намояндаи ширкати «Интер РАО» дар иҷрои корҳои таъмиру омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ ҳеҷ камбуду норасоӣ пайдо накардааст. Гуфта мешавад, санҷиши омодагии нерӯгоҳ […]

ASIA-Plus



Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда нерӯгоҳи Сангтӯда-1 шиносномаи омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистони соли ҷориро ба даст овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», зимни санҷиши маҷмӯавӣ комиссия таҳти раҳбарии намояндаи ширкати «Интер РАО» дар иҷрои корҳои таъмиру омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ ҳеҷ камбуду норасоӣ пайдо накардааст.

Гуфта мешавад, санҷиши омодагии нерӯгоҳ шурӯъ аз соли 2012 ҳамасола сурат гирифта, барои таъмини кори пурмаҳсули иншоот дар давраи сарбории ҳадди ниҳоӣ зарур аст, ки аз моҳи сентябр оғоз гардида, дар моҳи феврал сарборӣ метавонад то 300 МВт расад ва мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзӣ низ аз 3,5-4,5 млн. кВт/соати тобистона то 6-7 млн. кВт/соати зимистона меафзояд.

Директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» Павел Лавров дар ин робита изҳор намудааст, ки дар шароити камбуди барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон, вазифаи аввалиндараҷа таъмини фаъолияти мунтазами нерӯгоҳ ва истеҳсоли ҳарчи бештар нерӯи барқ аст. «Хотирасон менамоям, ки нерӯи барқи дар Сангтӯда-1 истеҳсолшуда қариб сеяки камбуди мавсимии барқро ташкил медиҳад», – таъкид доштааст номбурда.

Қаблан дар ин маврид

иттилоъ дода будем

, ки корҳои таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба итмом расида, пас аз анҷоми таъмири асосии нақшавӣ, гидроагрегат муваффақона ба кор дароварда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.