Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба ояндаи иртибототи худ бо Таиланд бо дидаи нек менигарад

Шоми 28 сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча мулоқот намуд. “Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳо буда, ба ояндаи иртибототи худ бо Таиланд бо дидаи нек менигарад”-гуфт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳо […]

ASIA-Plus



Шоми 28 сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча мулоқот намуд.

“Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳо буда, ба ояндаи иртибототи худ бо Таиланд бо дидаи нек менигарад”-гуфт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо  аз ҳолати кунунии муносибатҳои гарму самимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва маориф изҳори хушнудӣ намуда ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд барои барқарорсозии бозёфтҳои осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмини хуби таълиму бозомӯзии кадрҳои ҷавон, пешниҳоди барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.

Мусоҳибон мавҷуд будани бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ, аз қабили, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, коркарду интиқоли шакар, биринҷ ва рушди туризму хизматрасонии меҳмонхонаҳоро бозгӯи имкониятҳои хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.