Анонс
– Дар Тоҷиистон маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз мегардад;
– Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт агробизнес-форуми «Тоҷикистон – Нидерланд» ба кор шурӯъ мекунад;
– Дар қаламрави пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии будбоши ин воҳиди низомӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
6.4565
сомонӣ;
1
евро –
7.2358
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.103
9
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.
Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.
1937
– Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.
1960
– Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).
2009
— Парлумони Тоҷикистон Қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.
2010
— Президенти Тоҷикистон бо мукофоти олии Академия тиббии Русия – Медали тиллои Блохин сарфароз гардонида шуд.
2013
— Бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақби «Чормағзак» дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб боз шуд.
2013
— Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тасдиқ намуд.
1933
– Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.
1937-2011
– Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.
1939
– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.
1946-1994
– Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.
1949
– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.
1951
– Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.
1952-2001
– Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.
1960
– Мавлуди нависанда Маҷид Салим.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +5+10.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.


