Баъди таътили семоҳа вакилони парлумон ба фаъолият пардохтанд

Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намуояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки пас аз таътили семоҳа имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба соддакунӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ворид карда шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

Аваз Юлдошев



Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намуояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки пас аз таътили семоҳа имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба соддакунӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ворид карда шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа масоили марбут ба тасдиқи созишномаҳои грантӣ миёни ҳукумат ва Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба ҷудо шудани гранти сармоягузорӣ аз Фонди махсуси саҳмиявии ин бонк барои амалисозии лоиҳаи «Рушди ҳолати роҳҳои автомобилгард», созишномаи қарзи миёни Тоҷикистон ва БАТР аз рӯи лоиҳаи беҳбуди ҳолати роҳи мошингарди Душанбе – марзи Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, вакилони парлумон ҳамчунин масъалаи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Рушди мухобироти роҳҳо дар Осиёи Марказӣ»-ро низ баррасӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио