ИМА манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистонро шарҳ дод



Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ хостааст, қазияи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба шеваи одилона ва шаффоф ҳал намояд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, дар сафорати ИМА муътақиданд, ки  тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фурӯ менишонад.

Дар сафорат изҳор доштаанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои гуногун бахши муҳими як ҷомеаи солим ва босубот ба шумор рафта, таъқиби мухолифон танҳо рушди ифротгароиро суръат мебахшад: «Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд, ғолибан барои ибрози назарашон аз роҳҳои манфӣ кор мегиранд».

Намояндагии дипломатии ИМА ҳукумати Тоҷикистонро ба тафтиши одилона ва шаффофи қазияи ҲНИТ даъват карда, таъкид доштааст: «Мо қазияи 4-уми сентябрро маҳкум мекунем ва манофеи қонунии ҳукуматро дар супурдани ҷинояткорон ба дасти адолат дарк мекунем. Бо вуҷуд, аз давлат мехоҳем ҳамлаҳоро ба ҳайси баҳона барои саркӯби бештар истифода накунад».

spot_imgspot_img

Популярное