КҲФ аҳолиро аз обуҳавои номусоид огоҳ мекунад



Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, нимаи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон обуҳавои номусоид ва боронҳои шадиду пайдарпай дар назар аст.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита Кумита ба ситодҳои худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки ҳукумати маҳаллӣ ва аҳолиро дар бораи хатарҳои имконпазири дарпайдоштаи обуҳавои номусоид огоҳ намоянд.

«Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки бидуни зарурат аз сафар тариқи пайроҳаҳои кӯҳӣ, шикор ва моҳидорӣ дар давоми ин рӯзҳо худдорӣ кунанд», – қайд кард Нозимов.

Ба гуфтаи ӯ, давоми ин давра ситодҳои Кумита дар минтақаҳо ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное