Вохӯрии С.Аслов бо намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 13 октябри соли 2015 бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот натиҷаҳои ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 13 октябри соли 2015 бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот натиҷаҳои ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ, Саммити СММ оид ба рушди устувор ва Чорабинии канории сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ 2015 таҳти унвони “Ҷоннок намудан ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об”, ки аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои СММ-ро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, муҳокима карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст