Автомашинаҳои эронии IKCO ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанианд (Аксҳо)

Ширкати истеҳсоли автомобили Iran Khodro Company (IKCO) фурӯш, хизматгузорӣ ва минбаъд истеҳсоли автомобилҳои худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданист. Намояндаи IKCO ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус миёни Гурӯҳи саноатии «Iran Khodro» ва ҶДММ «Гурӯҳи рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст. Санади ниҳоӣ дар ин бора ояндаи наздик дар Теҳрон […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати истеҳсоли автомобили Iran Khodro Company (IKCO) фурӯш, хизматгузорӣ ва минбаъд истеҳсоли автомобилҳои худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданист.

Намояндаи IKCO ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус миёни Гурӯҳи саноатии «Iran Khodro» ва ҶДММ «Гурӯҳи рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.

Санади ниҳоӣ дар ин бора ояндаи наздик дар Теҳрон дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Эрону Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо мерасад.

Ширкати IKCO дар намоишгоҳи байнулмилалии дар шаҳри Душанбе ҷараёндоштаи AgroFood Tajikistan-2015 чор модели автомобилҳои худ – «Runna», «Dena», «Soren» ва «Arisun»-ро ба маърази тамошо гузошт.

Намояндаи ширкат қайд кард, ки дар марҳилаи аввал ифтитоҳи нахустин марказҳои дилерии автомобилҳои IKCO дар назар аст. «Агар ба маҳсулоти мо талаботи кофӣ пайдо шавад, минбаъд мо бо шарикони тоҷикистониамон корхонаи истеҳсоли автомобилҳои IKCOдар ҷумҳуриро таъсис медиҳем», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар Эрон ба автомобилҳои IKCO талабот зиёд аст. Дар навбати аввал, ин ба дастрасии он вобаста аст. Масалан, нархи модели «Runna» ҳамагӣ 8 ҳазор доллари ИМА ва модели бештар ҷолиби «Dena» ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст