Кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Исфараро бо гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ моддаи моеъи ба гурӯҳи металли симоб дохилшаванда дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки вазнаш 2 килою 745 граммро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.



