Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда санаи 16 октябр дар хонаи зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе писари навзоди худро ба зани 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтааст.
Гуфта мешавад, нисбати шаҳрвандоне, ки ба хариду фурӯши ноболиғ даст доранд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.



