Президент дар Суғд як қатор иншоотро мавриди истифода қарор дод

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, арзиши корҳои барқарорсозии Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд 2 миллион сомонӣ буда, коркарди  солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, арзиши корҳои барқарорсозии

Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон”

-и шаҳри Хуҷанд 2 миллион сомонӣ буда, коркарди  солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад.

Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд

Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча”

-ро, ки дар назди Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд,  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

зеристгоҳи “Ваҳдат”

– ро ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон- Бонки навсозӣ ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Дар маҷмуъ барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозоии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Ваҳдат» бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд» бунёд ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.