Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо дипломати Ҷопон

Date:



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 октябр кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камадаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба масоили густариши муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳумкориҳои Тоҷикистону Ҷопон ва инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 24 октябр нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related