Сокини Турсунзода тифли яксолаи худро то марг лату кӯб кард

Date:



Қарибиҳои шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ба беморхонаи «Насл», воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе зани шахсияташ номаълум писарчаи 1-солаи худро барои азназаргузаронӣ ба назди духтур овардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи духтур муайян карда шудааст, ки кӯдакаш вафот кардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия модари кӯдаки фавтида, зани 28-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир гардид.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда кӯдаки худро лату кӯб намуда, дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...