Путин ба роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ оид ба мушкилоти терроризм изҳори назар кард

Date:



Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 октябр дар қароргоҳи Ново-Огарёвои вилояти Маскав бо роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора


хадамоти матбуоти Кремл


хабар медиҳад.

Зимни мулоқот президенти Русия изҳор доштааст, ки яккаву танҳо ҳеҷ кас бо терроризм мубориза бурдан наметавонад ва барои ин самаранокии фаъолиятро баланд бардошта, ба ҳамоҳангсозӣ тақвият бахшидан зарур аст.

«Таҳдидҳо ба кишварҳои мо кам намешаванд ва ҳатто метавон гуфт, ки ин мушкилот торафт шиддат мегирад. Дар қатори таҳдидҳои маъмулӣ наваш ҳам зам мешавад», – иброз доштааст Путин.

Ӯ қайд кардааст, ки «вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик хуб нест. «Дар дохили кишварҳоямон низ мушкилот басанда аст, ки ҳаллашон аз ҷониби шумо зарур мебошад», – таъкид доштааст сарвари давлати Русия.

Путин бар ин назар аст, ки «имрӯз ҳеҷ касе яккаву танҳо бо ҷинояткории созмонёфта ва терроризм пурсамар мубориза карда наметавонад. «Ин ки шумо гирдиҳам меоед, мушкилоти умумиро баррасӣ мекунед, роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро меҷӯед ва кори худро ҳамоҳанг месозед, бидуни шубҳа ин хеле муҳим аст», – гуфтааст ӯ.

«Табиист, ки шаҳрвандони кишварҳои мо беҳбуди самаранокии фаъолият ва тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар самтҳои муҳимтарини корро аз шумо интизорӣ доранд», – афзудааст ӯ.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар ин вохӯрӣ ҷанбаҳои калидии фаъолияти зиддитеррористӣ дар қаламрави ИДМ ва масоили муқовимат бо созмонҳои террористӣ баррасӣ шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймӯмин Ятимов намояндагӣ кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...