Хоруғ: Боздошти ошпази тарабхона бо маводи нашъаовар

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ ошпази яке аз тарабхонаҳои маркази маъмурии видлоят – шаҳри Хоруғро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури одамони холис аз кисаи шимаш се қуттичаи пластикии дорои маводи мухаддири героин ва […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ ошпази яке аз тарабхонаҳои маркази маъмурии видлоят – шаҳри Хоруғро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури одамони холис аз кисаи шимаш се қуттичаи пластикии дорои маводи мухаддири героин ва афюн  дарёфту мусодира ва айни ҳол сарчашмаи пайдо намудани маводи нашъаовар муайян мешавад.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда дар тавқифгоҳи муваққатии нигаҳдории Раёсати Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.