Берун овардани 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз Абхозистон

Бо мусоидати кормандони Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фурсати кӯтоҳ аз Абхозистон берун овардани 5  шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар он ҷо муяссар гардид. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия, Дафтари кории Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Маскав, намояндагии Вазорати […]

ASIA-Plus



Бо мусоидати кормандони Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фурсати кӯтоҳ аз Абхозистон берун овардани 5  шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар он ҷо муяссар гардид.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия, Дафтари кории Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Маскав, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия ва ҳамчунин консулгарии фахрии ҶТ дар Краснодар дар нуқтаи сарҳадбонии Адлер ҷиҳати ба ватан баргаштан барои муҳоҷирони тоҷик долон (коридор)-и муваққатӣ боз шудаааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон Зафар Абдурашидов, Толибҷон Ҷӯраев, Аҳмадхон Ҳазратов, Наврӯз Мелибоев ва Умедҷон Шарипов тариқи хатсайри ҳавоии Сочи – Хуҷанд ба ватан баргаштанд.

«Ҳамаи онҳо марзи Русияро убур намуда, аммо барои бозгашт боз ба қаламрави Русия марзбонони рус ба онҳо иҷоза надодаанд, зеро вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шуда будааст. Аз ин рӯ, сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҶТ дархост мекунад, ки барои ба чунин ҳолатҳо роҳ надодан, аз сафар ба Абхозистоон худдорӣ варзанд. Мо огаҳем, ки шаҳрвандони ҶТ ба ин кишвар асосан барои убури марз ва қонунӣ кардани будубоши худ дар қаламрави Русия сафар мекунанд. Лекин агар дар пойгоҳи иттилоотӣ дар бораи манъи вуруди онҳо дубора ба Русия маълумот вуҷуд доштиа бошад, марзбонони Русия ба вуруди онҳо иҷоза намедиҳанд», – шарҳ дод Эгамзод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.