Ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз тағйироту иловаҳо ба 29 қонун



Сарфи назар аз кор накардани низоми электронии раъйдиҳӣ, аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба 29 қонун ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ имрӯз тариқи маъмулии даст бардоштан ба «тарафдорӣ» ё «мухолиф будан» ба тағйироту иловаҳо овоз доданд. Барои ҳисобкунии овозҳо гурӯҳи махсус таъсис дода шуд.

Ҳамин тариқ, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони гирифтор ба бемории силро маҷбуран табобат ва хӯрок медиҳанд.

Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муассисаҳои ислоҳӣ далелҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳкумшудагон аз табобат ва қабули ғизои махсус даст кашидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное