М.Убайдуллоев аз сенаторҳои Русия мусоидат ба тафтиши марги Умаралиро дархост кард



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Евгений Бушминро, ки инчунин ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории байнипарлумонии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии ҶТ аст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳоро муҳим хонда, изҳор дошт, ки онҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия мусоидат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба баргузории Форуми навбатии байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: энергияи ҳамкории минтақавӣ» соли 2016 дар шаҳри Душанбе омодагӣ изҳор намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки М.Убайдуллоев аз вакилони парлумони Русия даъват ба амал овардааст, ки дар тафтиши марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург «дар доираи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ» мусоидат намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное