Имкони маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

Муовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев бар ин назар аст, ки дар робита ба баланд шудани сатҳи хатари амалҳои террористӣ пас аз содир шудани ин ҳодисаҳо дар Париж, маҳдуд кардани ҷараёни вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия то муваққатан пурра баста шудани марзҳо зарур аст. Дар ин бора ӯ ба хабаргузории «Лента.ру» изҳори назар […]

ASIA-Plus



Муовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев бар ин назар аст, ки дар робита ба баланд шудани сатҳи хатари амалҳои террористӣ пас аз содир шудани ин ҳодисаҳо дар Париж, маҳдуд кардани ҷараёни вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия то муваққатан пурра баста шудани марзҳо зарур аст. Дар ин бора ӯ ба хабаргузории «Лента.ру»


изҳори назар


кардааст.

«Имрӯз 22 июни соли 1941, танҳо ҷанг на бо фашизм, балки бо терроризм аст. Тадбирҳои ҷиддӣ рӯйи кор гирифта, бо сохторҳову мақомоти кудратӣ гуфтугӯ зарур аст», – таъкид доштааст Лебедев.

Ба андешаи ӯ, барои бастани марзҳо ҷиҳати хориҷ шудан зарурате вуҷуд надорад, аммо ба миён омадани баррасии масъалаи маҳдудият ҷорӣ кардан барои вуруд ба қаламрави Русия аз эҳтимол дур нест.

«Бидуни шакку шубҳа, назоратро пурзӯр мебояд кард, бахусус дар марзҳо бо кишварҳое чун Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон. Ман мефаҳмам, ки яқинан бисёре аз онҳо аз мо меранҷанд, вале дар навбати аввал мо бояд дар бораи шаҳрвандони худ ғамхорӣ кунем. Бинобар сабаби қариб кушода будани марзҳо бо ин кишвархо, тариқи ин самт террористони маргталаб метавонанд ба кишвари мо ворид шаванд. Шояд чун Фаронса барои муддате комилан бастани марзҳо зарур бошад», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Лебедев, дар робита ба  ҷараёни вуруди шумори зиёди гурезагон аз Сурия, амалҳои террористӣ дар Фаронсаро наметавон ногаҳонӣ унвон кард.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар 7 минтақаи шаҳри Париж дар як вақт

амалҳои террористӣ

– ҳамлаҳои мусаллаҳона ва таркишҳо сурат гирифтанд, ки бар асари онҳо беш аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти ин амалҳои террористиро гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ»

бар дӯш гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.