Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид.
Дар кори Ассамблея дар қатори ҳайатҳои парламентии давлатҳои-иштирокчии Ассамблеяи Парламентии СААД ҳайатҳои парламентии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Ассамблеяи миллии Парламенти Покистон Сардор Аёз Содиқ, Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Волеси Джиргаи Ассамблеяи миллии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ, Эрон, Чин, Скупшинаи халқии Сербия ва дигарон иштирок карданд.
Ассамблея кори худро аз баррасии масъалаи ташкили шурӯъ намуд. Раиси Ассамблеяи Парламентии СААД аз нав Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Наришкин интихоб гардид. Дар Ассамблея як зумра лоиҳаи қонунҳои модулӣ (қолабӣ) тасдиқ шуданд.
Рӯзи 26 ноябр ҳайати парламентии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ширкат варзид.
Зимни сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД бо Раиси Ассамблеяи Миллии Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Холбой Қурбонов, мудири шӯъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ
оид ба робитаҳои байнипарламентӣ, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба сафари давлатии пурсамари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 11-13 ноябри соли равон ибрози ақида намуда, қайд кард, ки натиҷаҳои он инъикоскунандаи азми самимии ҳарду ҷониб ба тақвияти беш аз пеши муносибатҳои гуногунҷабҳаи байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, савдо, транзити мол ва хизматгузориҳо табодули назар намуданд.
Худи ҳамон рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Волеси Ҷиргаи Ассамблеяи миллии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ва Раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон оид ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Алоуддин Боруҷерди вохӯрд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо ҷонибҳо доир ба робитаҳои парламентӣ ва саҳми парламентҳои кишварҳо дар густариши ҳамкориҳои бевоситаи тиҷоративу-иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ ибрози ақида намуданд.
Тарафҳо оид ба масъалаҳои таъмини амният, пойдории сулҳу суббот дар минтақа, зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди тахдиду даъватҳои номатлуби замони муосир ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.



