Cафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Париж



Рӯзи 29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Франсия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, шоми ҳамин рӯз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Эмомалӣ Раҳмон ноиби раиси ширкати Аэробус (Airbus) Силвер Дэлонэро ба ҳузур пазируфта, лар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ширкати фаронсавии Аэробус тайёраҳо ва чархболҳои гуногуни мусофирбар, боркаш ва ҳарбӣ истеҳсол менамояд.

Гуфта мешавад, сипас Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел мулоқот карда, дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат баррасӣ шуд.

Президенти Точикистон дар оғози суҳбат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

Инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

spot_imgspot_img

Популярное