Муҷозоти БМТ ба ташкилотҳои қарзии машғул ба ҳаннотӣ бо доллар

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нисбати шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ бинобар роҳ додан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки сабабгори ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор гардидаанд ва дар кори батанзимдарории сиёсати қурби асъор монеа эҷод кардаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро оғоз намуд. Бино ба […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нисбати шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ бинобар роҳ додан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки сабабгори ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор гардидаанд ва дар кори батанзимдарории сиёсати қурби асъор монеа эҷод кардаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар пайи санҷишҳои гурӯҳҳои фаврии муштараки БМТ ва мақомоти прокуратура барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ Назаров Алиаҳмад Худойназарович – корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, Валиев Аминҷон Амиралиевич – корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Азизи Молия”, Бобоназаров Бахтиёр Исмонқулович ва Абӯбакр Зафар Саидзода – кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон”, Азимзода Алишери Сироҷиддин ва Саодатов Ибодулло Қудратович – кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк” муайян ва боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шудааст, ки то гирифтани дастури иловагии БМТ кормандони номбурдаро ба кор қабул накунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки илова бар ин, БМТ барои беназоратӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор моликони ин нуқтаҳо – ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк”-ро ба маблағи сад ҳазор сомонӣ, ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, ҶДММ ТАҚХ ”Азизӣ- молия” ва ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон”-ро дар алоҳидагӣ ба маблағи шаст ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио