Ҷавобгарӣ барои мубодилаи асъори берун аз бонк

Дастурамали №211 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ» -и Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки фаъолияти нуқтаҳои муболиаи асъор дар ҷумҳуриро маҳдуд месозад, мавриди амал қарор гирифт. Матни дастурамали мазкур санаи 10 декабр дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ба чоп расида, дар он БМТ иттилоъ медиҳад, ки аз ҳамин сана фаъолияти тамоми нуқтаҳои […]




Дастурамали №211 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ»

-и Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки фаъолияти нуқтаҳои муболиаи асъор дар ҷумҳуриро маҳдуд месозад, мавриди амал қарор гирифт.

Матни дастурамали мазкур санаи 10 декабр дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ба чоп расида, дар он БМТ иттилоъ медиҳад, ки аз ҳамин сана фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ ва ивази асъорро танҳо ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар анҷом дода метавонанд.

Бонки миллӣ қайд мекунад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд, ки дар онҳо метавон асъори хориҷиро иваз намуд.

Қайд мешавад, ки дар ҷойи дигар (берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо) анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.

Дар дастурамал зикр мегардад, ки бонки ваколатдор бо мақсади анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд бояд маҳсулоти барномавӣ, таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои алоқаи ташкили шабакаи ягонаи электронии муттамаркази пайвасткунандаи тамоми муассисаҳои амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд анҷомдиҳандаро ба низоми амалиётии худӣ коркард, харидорӣ ва насб намояд.

«Низоми мазкур бояд иқтидору имконияти анҷомдиҳӣ, бақайдгирӣ, шинохту муайян кардани ҳар як амалиёти мубодилавиро дар низоми ягонаи амалиётии пайвастаи маркази хизматрасонии бонкӣ, филиал, сарбонки бонки ваколатдор дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) дошта бошад ва пешниҳоди маълумоту ҳисоботи ҳаррӯзаро оид ба амалиёти мубодилавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли электронӣ таъмин карда тавонад», – қайд мешавад дар дастурамал.

Ҳамин тариқ, амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд ба маблағи мутаносиб то ба 

14 ҳазор сомонӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ба маблағи мутаносиби аз 14,0 (чордаҳ) ҳазор сомонӣ зиёдбуда бо шарти пешниҳоди ҳатмии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маблағи мутаносиби аз 70 ҳазор сомонӣ зиёд додашаванда, иловатан бо муҳри гирдаи маркази хизматрасонии бонкӣ, филиал ё саридораи бонки ваколатдор тасдиқ карда мешавад.

Гуфта мешавад, таъмини иҷрои талаботи Дастурамали мазкур ба зиммаи роҳбарони 

бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва масъулини муассисаи онҳо гузошта шуда, 


назорати риояи он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (шуъбаҳои минтақавии он 


дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми аз ду маротиба зиёд риоя накардани тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва амру супоришҳои бартараф кардани камбудиҳо, бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, дар доираи талаботи қонунҳои 

Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти бонкӣ“ метавонад нисбат ба бонки ваколатдор чораи манъи анҷомдиҳии амалиёт ва ё бозхонди иҷозатномаи фаъолияти бонкиро низ татбиқ намояд.

Бонки миллӣ ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, қайд мекунад, ки дар сурати ба миён омадани ягон мушкилот дар робита ба мубодилаи асъор ,муштариён метавонанд ба телефонҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 ва 620-05-39, 600-28-63 занг зананд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.