Боздошти душанбегии 51-сола бо ҳабҳои «экстази»



Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсия марди 51-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ба гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ дастгир карданд. Боздоштшуда  қаблан низ бо моддаи 201 КҶ ҶТ (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) суд шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови автомашинаи шахсиии номбурда тамғаи “Лексус”, 8-адад ҳабҳои рангашон зард дарёфт ва мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, ташхис нишон додааст, ки ҳабҳои дарёфтшуда ба маводи психотропии МДМА – «эстази» мансуб буда, вазнашон 1,9554-граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное