Се соли оянда БОР ба Тоҷикистон беш аз 240 млн. $ ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) тарҳи индикативӣ (тавсиявии)-и кумак ба Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2018-ро навсозӣ кард. Намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю рӯзи сешанбе зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки барномаи навшудаи бонк дар Тоҷикистон тӯли се соли наздик ба дастгирии рушди фарогири иқтисодӣ тавассути пуштибонӣ аз ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди муҳити […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки осиёгии рушд (БОР) тарҳи индикативӣ (тавсиявии)-и кумак ба Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2018-ро навсозӣ кард.

Намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю рӯзи сешанбе зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки барномаи навшудаи бонк дар Тоҷикистон тӯли се соли наздик ба дастгирии рушди фарогири иқтисодӣ тавассути пуштибонӣ аз ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, рушди роҳу энергетика, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва беҳтар кардани шароити расидан ба таъмини амнияти ғизойӣ равона карда мешавад.

Дар Нақшаи кишварии сесола (солҳои 2016-2018)-и амалии тиҷорат (СОБП) дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 млн. доллари ИМА амалисозии лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, беҳбуди амнияти ғизойӣ, дастгирии идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани вазъи бахши энергетика ва ислоҳоти муҳити сармоягузорӣ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми кумаки БОР ба Тоҷикистон дар соли 2016 – 70 млн. ва сармоягузориҳои тарҳрезишуда дар соли 2017 – 85 млн. ва дар соли 2018 – 86 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, вале ҳаҷми маблағҳои ниҳоии дастгириву кумак ба дастовардҳо дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.