Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол дониста шуд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 19 декабр даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол гардид. “Дар мавсими варзишии соли 2015-ум дар байни варзишгарони тоҷик танҳо ба Дилшод Назаров муяссар шуд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъи олимпии варзиш […]

ASIA-Plus



Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 19 декабр даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол гардид.

“Дар мавсими варзишии соли 2015-ум дар байни варзишгарони тоҷик танҳо ба Дилшод Назаров муяссар шуд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъи олимпии варзиш медал ба даст биёрад. Вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар  шаҳри Пекин дар гурзандозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт. Инчунин ӯ ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки имсол дар риштаи олимпӣ ба унвони қаҳрамони Осиё ва медали тилло даст ёфтааст (Ухан, Чин). Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров то ба имрӯз танҳо варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба  Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) шудааст. Дар мавсими имсола Дилшод Назаров, ҳамчунин, борҳо ғолиб ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»” гардидааст”, – иброз дошт Нарзулло Латифов.

Ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

Комроншоҳи Устопириён (дзюдо)– ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Қазоқистон, ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар Кувайт, ҷойи 2-юм дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван.

Саидҷалол Саидов (дзюдо) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 100 кг дар Кувайт, ҷойи 3-юм дар Ҷоми кушодаи Африқо дар Порт-Луи (Маврикий).

Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 130 кг дар Доҳа (Қатар).

Фарҳод Анақулов (гуштии озод) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 125 кг дар Доҳа (Қатар).

Ҷаҳон Қурбонов (бокс) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тайланд.

Мавзуна Чориева (бокс) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин).

Шоира Зулқайнарова (бокс) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин).

Шарифов Хуршед (гуштии камарбандӣ) – ҷойи 1-ум дар вазни то 90 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Қазон (Русия), қаҳрамони Осиё дар Эрон.

Акмалиддин Каримов (самбо) – ҷойи 2-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Марокаш, ҷойҳои 1-ум дар Ҷоми ҷаҳон дар Алмаато (Қазоқистон) ва Маскав (Русия), қаҳрамони Осиё дар Атирау (Қазоқистон).

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани даҳ  варзишгари беҳтарин сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигори варзишӣ, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.