Ш.Мирзо: Тоҷикистон амалиёти Русия дар Сурияро дастгирӣ мекунад



Зимни мулоқоти вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки  рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Маскав доир гардид, Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ Русия ва Тоҷикистон бо хатарҳои иловагӣ дучор шуданд. Дар ин бора хабаргузории


«Интерфакс»


иттилоъ медиҳад.

«Моро баррасии як қатор масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи дар навбати аввали марбут ба муташанниҷ шудани вазъ дар минтақа ва қабл ҳама вобаста ба самти Афғонистон зарур аст», – иброз доштааст вазири мудофиаи Русия.

Ба андешаи С.Шойгу, вазъ дар ин минтақаи амнияти дастаҷамъӣ «мутаассифона, рӯ ба беҳбудӣ намениҳад». «Ҳама омилҳо мавҷуданд, то мо бо итминон бигӯем, ки дар он ҷо воҳидҳои ДИИШ пайдо шудаанд ва илова бар ин, барои мо хатару таҳдидҳои иловагӣ ба вуҷуд омаданд. Мо гуфта дар ин ҳолат иттифоқчиён дар Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъиро дар назар дорам», – қайд кардааст С.Шойгу.

Сергей Шойгу таъкид доштааст, ки Вазорати мудофиаи Русия «тамоми нақшаҳои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳ ва таҷҳизонидани онҳо, тадбирҳои тақвияти пойгоҳи низомии Русия ҳам дар самти авиатсмонӣ ва ҳам дар дигар самтҳоро иҷро мекунад».

Вазири мудофиаи Русия изҳори итминон кардааст, ки ҳамаи ин талошу тадбирҳо «ба таври назаррас ба суботи умумӣ дар минтақа мусоидат мекунанд».

Дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зикр кардааст, ки тарҳи ҳамкории низомии Тоҷикистону Русия хеле доманадору пурмуҳтаво аст. Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон амалиёти зиддитеррористии Русия дар Сурияро дастгирӣ мекунад. «Мо бо шумо ҳамраъйем», – гуфтааст генерал.

spot_imgspot_img

Популярное