Соли 2015 дар роҳҳи мошингарди Тоҷикистон 449 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 472 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 449 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 574 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар муқоиса бо соли 2014, соли гузашта шумори ҳалокшудагон дар роҳҳои кишвар 3 нафар ва ҷароҳатгирифтагон – 172 нафар афзудааст.
Таҳлили анҷомдода аз ҷониби кормандони БДА нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт аз ҷои манъшуда роҳро гузаштани пиёдагардон, бо суръати баланд ва аз меъёр зиёд рондани автомашина, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва амали нодурусти ронандагон мебошад.



