Мусодираи як миқдор ҳабҳои психотропӣ дар пойтахт



Ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории маводи мухаддири синтетикӣ рӯзи 7 январ як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсии гумонбаршуда кормандони оперативӣ аз ӯ 94 дона ҳабҳои психотропии навъи «амфетамин», ки вазни умумиашон 31,8 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное