Барои коркарди конҳои Канчоч ТАЛКО ба шарикон ниёз дорад

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) умедвор аст, ки барои маблағгузории муштарак ба лоиҳаи коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шарик дарёфт мекунад. «Айни замон ширкат роҳу воситаҳои пайдо намудани шарикони бештар муносиб барои сармоягузорӣ ба ин лоиҳаи бузургмиқёсро ҷустуҷӯ дорад», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуоти КВД «ТАЛКО». Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли гузашта ҳукумати […]



Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) умедвор аст, ки барои маблағгузории муштарак ба лоиҳаи коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шарик дарёфт мекунад.

«Айни замон ширкат роҳу воситаҳои пайдо намудани шарикони бештар муносиб барои сармоягузорӣ ба ин лоиҳаи бузургмиқёсро ҷустуҷӯ дорад», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуоти КВД «ТАЛКО».

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО)

дар мавриди коркарди як гурӯҳи конҳои тилло

дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғдро маъқул шуморид. Захираҳои тилло дар ин конҳо 32 тонна ва нуқра ҳудуди 14 тонна арзёбӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ин конҳо захираҳои симоб, сурма ва як қатор дигар канданиҳои фоиданок мавҷуданд. Дар гурӯҳи конҳои Канчоч ТАЛКО ҳамасола то 900 ҳазор тонна маъданро коркард карданист.

Гурӯҳи конҳои Канчоч аз 3 иншоот – Чӯлбой (тилло, нуқра), Канчоч (тилло, нуқра, симоб, флюорит) ва Шаҳкон (тилло, сурма, флюорит) иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.