Сокини 66-солаи шаҳри Хуҷанд Раҳим Содиқов, ки хоҳари 62-солааш Муътабар Мирзоеваро барои баҳси мерос – манзили волидон бо табар ба қатл расонида буд, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи мазкур Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд айбдоршавандаро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2, бандҳои «В,Е,И» (Куштани бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст; бо бераҳмии махсус ва бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷўӣ ё бандитизм) гунаҳкор эътироф намуда, ба ӯ ҳукм содир кард.
Ба гуфтаи ӯ, Содиқов Раҳим тахминан соати 17:00-дақиқаи 13 октябр, дар ҳолати мастӣ дар манзили зисташ бо хоҳари 62-солааш Муътабар Мирзоева аз барои мерос ба муноқиша пардохта, ӯро бо табар таъқиб мекунад ва дар назди театри “Наврасон”-и шаҳри Хуҷанд ба ӯ расида, бо табар чанд маротиба ба ҷисми зан зарба мезанад, ки дар натиҷа хоҳараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.





