Мулоқоти сарвазир бо директори минтақавии БҶ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Имрўз дар мулоқоти сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа натиҷаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди бузурги молиявӣ то соли 2016 ва дурнамои ин ҳамкорӣ барои солҳои оянда баррасӣ шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат ба Сароҷ Кумар Ҷҳа, ки […]

АМИТ «Ховар»


Имрўз дар мулоқоти сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа натиҷаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди бузурги молиявӣ то соли 2016 ва дурнамои ин ҳамкорӣ барои солҳои оянда баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат ба Сароҷ Кумар Ҷҳа, ки ваколатҳояш ба ҳайси директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хотима ёфт, барои ҳамкории густурда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чор соли охир изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, маориф ва тандурустӣ табодули афкор карда, омодагию ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ изҳор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд