Нигаронии ICG аз амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар гузориши International Crisis Group – ICG, Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки интиқоли маблағҳои пулӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сарчшмаҳои асосии даромади Тоҷикистон мебошанд. Қайд мешавад, ки дар робита ба поинравии суръати иқтисоди Русия, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон бад шуд, зеро ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар […]



Дар гузориши International Crisis Group – ICG, Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки интиқоли маблағҳои пулӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сарчшмаҳои асосии даромади Тоҷикистон мебошанд.

Қайд мешавад, ки дар робита ба поинравии суръати иқтисоди Русия, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон бад шуд, зеро ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар ба ватан беш аз 40%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки тибқи баъзе маълумот, 300-400 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик соли 2015 аз Русия ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, қайд мекунанд коршиносони ICG, ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Онҳо таъкид месозанд, ки сарфи назар аз сармоягузорӣ ва кумакҳои техникӣ аз Русия, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон натанҳо бинобар сабаби мавзеи душворгузари кӯҳсор будани он мушкил мешавад, балки бо ин сабаб низ мушкил аст, ки ба тиҷорати ғайриқонунии маводи нашъаовар сохторҳои амнияти Тоҷикистон низ ҷалб шудаанд.

Коршиносони Гурӯҳ бар ин назаранд, ки бар асари буҳрони иқтисодӣ ва таназзули сиёсӣ рӯ ба заъф овардани Тоҷикистон идома ёфта, метавонад ба бесуботӣ ва ноамнӣ боис гардад.

Онҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҳифзи ғайри қобили қабули марз метавонад Тоҷикистонро ба нуқтаи убур барои ҷангиёни исломӣ мубаддал созад, ки нияти ба Осиёи Марказӣ ворид шуданро доранд.

Дар робита ба ҳифзи сусти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, коршиносон дар гузориш ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон тавсия медиҳанд, ки ба таъмини амнияти марзҳои худ бо Тоҷикистон афзалияти бештар диҳанд.

Ба Русия, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА тавсия дода мешавад, ки ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон тақвият бахшанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.