Қатли мӯйсафеди 81-солаи тоҷик дар Русия

Як муҳоҷири 81-солаи тоҷик дар вилояти Калугаи Русия аз сӯи ду сокини маҳаллӣ то мурданаш латукӯб шудааст. Ҷасади Ватан Ғафуровро рӯзи 11 январ ба Тоҷикистон фиристоданд. Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, Ватан Ғафуров, ки шаби 24 ба 25 декабр дар як ферма ҳадафи ҳамлаи ду ҷавони маҳаллӣ қарор гирифта буд, рӯзи 7 январ баъди […]

Радиои Озодӣ



Як муҳоҷири 81-солаи тоҷик дар вилояти Калугаи Русия аз сӯи ду сокини маҳаллӣ то мурданаш латукӯб шудааст. Ҷасади Ватан Ғафуровро рӯзи 11 январ ба Тоҷикистон фиристоданд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, Ватан Ғафуров, ки шаби 24 ба 25 декабр дар як ферма ҳадафи ҳамлаи ду ҷавони маҳаллӣ қарор гирифта буд, рӯзи 7 январ баъди ду ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Бозор Каримов, яке аз муҳоҷирони тоҷики фаъол дар Калуга рӯзи 11 январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамаи онҳое, ки ин мӯсафедро мешиносанд, мегӯянд, ӯ дар ин синни пирӣ маҷбур шудааст, ки рӯ ба ғарибӣ биорад, чунки фарзандонаш – ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон – нигоҳубинаш накардаанд.

Бобои Ватан дар як фермаи чорводорӣ дар рустои Дупли дар ноҳияи Ферзиковское вилояти Калуга кор мекард ва дар ҳамонҷо ба сар мебурд. Ин ферма ба як соҳибкори чечен тааллуқ дошт ва ӯ масъулияти назорати кори чӯпонҳояшро ба ин мӯсафеди тоҷик бовар карда буд.

Шаби 24 ба 25 декабр дар ферма ду нафар будаанд – бобои Ватан ва Аҳмади 18-сола аз Душанбе, ки дар ин ферма чӯпонӣ мекард. Аҳмад дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Соат тақрибан 15 дақиқа кам дувоздаҳи шаб буд, ки ду нафар зада даромаданд. Ҳарду ҷавон буданд ва дар даст чизе монанд ба силоҳ доштанд. Пулис баъдан ба ман гуфт, ки онҳо туфангчаи травматикӣ доштаанд. Ман якеашро зада афтодандам ва гурехта рафтаму пулисро хабар кардам. Вале то расидани пулис инҳо мӯсафедро зада куштанд.”

Далели ин ҳамла ҳанӯз маълум нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки ҳамла ва то куштан кӯфтани ин мӯсафеди 81-солаи тоҷик аз сари авбошӣ буд ё куштор дар заминаи адовати қавмӣ? Ҳарду ҳамлагар боздошт шудаанд ва алайҳи онҳо бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Фаррух Ҳусейнов, муҳандиси тоҷики як корхонаи саноатии Калуга дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар бораи шахсияти Ватан Ғафуров ва чигуна ба диёри ғурбат афтодани ӯ дар овони пирӣ чунин қисса кардааст:

“Даврони ҷавонии Бобои Ватан дар Русия гузаштааст. Ӯ ибтидо ба як зани рус издивоҷ карда, аз ӯ соҳиби ду фарзанд мешавад ва зану кӯдаконашро ба зодгоҳи худ – ноҳияи Файзобод мебарад. Аммо баъд зани русаш бо кӯдакон бармегардад ва Бобои Ватан ба як зани тоҷик издивоҷ мекунад ва аз ӯ ҳам ду духтар дорад, ки дар Файзобод ба сар мебаранд. Ӯ ягон 4 сол пеш дар Калуга пайдо шуд ва дар манзили писари хурдиаш Сергей зиндагӣ дошт. Вале розӣ набуд аз шароиташ, шикоят мекард, ки дар сарой ҷояш кардаанд.”

Бобои Ватан баъди чанде манзили писарашро тарк карда, дар масҷиди Калуга ҷо мегирад. Фаррух Ҳусейнов мегӯяд: “Ӯ кӯҳансолтарин муҳоҷири тоҷик дар Калуга буд ва бачаҳо “Бобои Ватан” гуфта, хеле эҳтиромаш мекарданд. Ва нафақат бачаҳои тоҷик. Барои ҳамин вақте хабари вафоташро дар масҷид эълон карданд, ҳама пул партофт ва 45 000 рубли лозим барои фиристодани ҷанозааш дар байни чанд дақиқа ҷамъ шуд.”

Бино ба оморҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Як қисми онҳо – бар асари садамаҳои нақлиётӣ ё фалокат дар ҷои кор ва қисме ҳам, мисли Бобои Ватан, кушта мешаванд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ба Озодӣ гуфтааст, ӯ аз номи  ин созмон ба мақомоти умури дохилаи вилояти Калуга номаи расмӣ навишта, таҳқиқи фарогири қатли ӯ ва ба ҷазои сазовор расондани афродеро, ки ин мӯсафеди 81-соларо куштаанд, талаб кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.