Ҷаримабандии тоҷикдухтар дар Русия барои даъватҳои ифротгароӣ тариқи Интернет

Date:



Суди шаҳри Колчугинои вилояти Владимирски Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваи 19-сола, ки барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ тариқи Интернет маҳкум шудааст, айбнома содир намуд. Ба сифати ҷазо суд ӯро дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷарима бастааст.

Тавре дар ин робита дар сомонаи расмии

Прокуратураи вилояти Владимирск

иттилоъ дода мешавад, зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Мазориева ба макони иқомати муваққатӣ ба шаҳри Колчугинои  вилояти мазкур омада, таҳти таъсири маводи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет ба афкори исломи тундгаро моил ва нисбати дигар афроде, ки аз ислом пуштибонӣ надоштаанд, ҳисси нафрату адоват пайдо кардааст.

Қайд мешавад, ки дар шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ӯ бо маълумоти гуногуни дорои мавқеи ифротгароӣ шинос шуда, дар ҷараёни он қасди содир намудани ҷинояти марбут ба даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ба вуҷуд омадааст.

Санаи 12 августи соли ҷорӣ зимни қарор доштан дар макони иқомати муваққатӣ, Мавзуна дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо сабти номи «Асмаа на пути Аллаха (Замужем)» (Асмаа дар роҳ ба сӯи Аллоҳ (Оиладор) саҳифаи шахсии худро боз намудааст.

«Бо истифода аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и ба Интернет васлшуда ӯ дар саҳифаи худ сабти видеоии кушода барои дастрасӣ дар шакли сухангӯиро гузоштааст, ки дар он мафҳумҳои дорои даъват ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба гурӯҳи шахсон аз рӯи аломатҳои мазҳабӣ ҷой доштаанд», – зикр мегардад дар маълумот.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...