Номгузории «пастзанандаи шаъну эътибори инсон» ба кӯдакон манъ карда шуд

Date:



Вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои тағйирот, ба тифлон гузоштани номҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, манъ карда мешавад. «Масалан, ба тифлони навзод гузоштани номҳое чун Санг, Сафол, Зоғ, Гург ва ғайра манъ карда мешавад», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ҳамчунин барои ба тартиб овардани ном, номи падар ва фамилияи шаҳрвандон низ равона гардидааст. «Айни замон ин раванд худ ба худ сурат мегирад. Зимни ивази фамилияҳо шаҳрвандони мо аксар вақт тибқи расму оини миллӣ чунин номҳое мегузоранд, ки дар фаҳмидани кадоме аз онҳо ному кадоме номи падар ва фамилия буданаш кас ба мушкил дучор мешавад», – қайд кард вазир.

Вазири адлия зикр кард, ки аз ин ба баъд истифодаи лақаб дар ҳуҷчатҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.

Хотиррасон шуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия месозанд, ки минбаъд номгузории тифлони миллати аксари кулли кишвар (тоҷикон) мутобиқи он сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони миллати дигар, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, имтиёзҳо пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд мутобиқи расму оин ва фарҳанги худ барои тифлашон ном интихоб кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...