Боздошти сокинoни Шӯроободу Шуғнон бо беш аз 18 кило маводи мухаддир

Date:



Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса рӯзи 11 январ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони 40 ва 41-солаи ноҳияи Шӯроободро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсии марди 40-сола, тамғаи “Мусо” аз дохили бағоҷ 7-киллою 246-грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи дигар дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳрванди Афғонистон, марди 24-сола, истиқоматкунандаи Қарияи Димурғони вулусволии Шуғнон ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда 11-килою 126-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...