Дар вилояти Перми Русия соли гузашта ҳудуди 1,2 ҳазор тонна маҳсулоти зери карантин аз Тоҷикистону Озарбойҷон боздошту мусодира ва нобуд карда шуд.
«Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм давоми соли 2015 дар фурудгоҳи Болшое Савино зимни санҷиши фитосанитарӣ вуруди 4,25 кило тухмии гулу бутта, ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ ва зироати техникӣ, 30 дона ниҳолҳои дархтони мевадор, 2078,039 кило дигар маҳсулоти таркиби растанӣ – ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, чормағз, хушкмева, ҷуворимакка, меваҳо ва ғайраро аз Озарбойҷону Тоҷикистон манъ ва онҳоро барои нобудсозӣ равона кард», – маълумот дода мешавад дар
сомонаи
расмии Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм.
Гуфта мешавад, маҳсулоти зери карантини мазкур тариқи бағочи дастӣ ва бор ба қаламрави Русия ворид карда шудааст.
«Дар робита ба гуфтаҳои боло ба таваҷҷуҳи шахсони манфиатдор расониданием, ки айни замон амали манъи муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағоч ва бори мусофирон аз Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома дорад. Аз ин рӯ ба вуруди маҳсулоти зери карантини аз кишварҳои зикршуда воридгардида ба қаламрави Русия роҳ дода намешавад», – қайд мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки дастури ҷорӣ шудани маҳдудияти муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағочу бори мусофирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2012 содир гардида буд.


